Ҷумҳурии Тоҷикистон · ДушанбеМуассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш»RU · TJ · EN
ШИФОБАХШМАРКАЗИ ТИББӢ

← Ҳамаи эълонҳо

Ба таваҷҷуҳи мудирони шуъбаҳо ва роҳбарони сохторҳои табобати!

28.10.2026

Ба таваҷҷуҳи мудирони шуъбаҳо ва роҳбарони сохторҳои табобати!
Имруз, аз соати 14:30, намояндагони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тибби ва ҳифзи ичтимоии аҳоли дар доираи санҷиши нақшави аз шуъбаҳои Маркази миллии тиббии Чумхурии Точикистон «Шифобахш» боздид менамоянд. Бо ин мақсад, аз ҳамаи мудирони шуъбахо ва роҳбарони сохторҳои дахлдор талаб карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳои зеринро омода ва барои пешниход дастрас намоянд: 1. Хисоботи солонаи фаъолияти шуъба барои соли 2025; 2. Хисоботи фаъолияти шуъба дар 9 мохи соли 2026; 3. Нақшаи кории шуъба барои соли 2026; 4. Низомномаи шуъба; 5. Хамаи таърихи беморихо ва хуччатҳои тиббии дахлдор, бояд пурра, дуруст ва мутобиқи талаботи муқарраршуда ба расмият дароварда шуда бошанд. Ҳамзамон, аз роҳбарони шуъбаҳо талаб карда мешавад, ки омодагии умумии шуъба, ҳолати хучҷатгузорй ва тартиби нигохдории ҳучҷатҳои тиббиро таъмин намуда, ҳангоми боздиди намояндагони Хадамот хамкории заруриро ба рох монанд. Ичрои талаботи мазкур фаври буда, масъулияти омодаги ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба зиммаи мудирони шуъбаҳо гузошта мешавад. Лутфан, масъулияти баланд зоҳир намуда, хуччатҳои зикршударо бетаъхир омода намоед.